Раъно Икромова омӯзгори соли Тоҷикистон-2017 эълон шуд

Январь 3, 2018 12:13

ДУШАНБЕ, 03.01. 2018./АМИТ «Ховар»/. 29 декабри соли 2017 озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017», ки муддати се рӯз идома дошт, дар толори Вазорати маориф ва илми  ҶТ  ҷамъбаст гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.

Дар озмун панҷ нафар довталабон  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон,  шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат  аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Латофат Назирӣ нахуст аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аҳли маорифро бо соли нави 2018 табрик намуд ва андешаҳои хешро оид ба рафти озмуни имсола баён намуд. Сипас, раиси ҳайати ҳакамон, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Абдуҷаббор Алиев озмунро ҷамъбаст намуда, тибқи хулосаи аъзои ҳайат омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  Раъно Икромоваро бо 1150 хол «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» эълон кард. Ба ғолиб туҳфаҳои таъсиснамудаи Вазорати маориф ва илм, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Ба Моҳира Худоназарова- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 шаҳри Душанбе, Модавлат Чоршанбиева- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ноҳияи Шуғнон, Идигул Алиева- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 шаҳри Ваҳдат, Шуҳрат Мирзоев- омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб низ ҳамчун иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ мукофотҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм супорида шуданд.

Ҳамчунин, тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Р. Икромова, М. Худоназарова, М. Чоршанбиева, И. Алиева бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ш. Мирзоев бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонда шуданд.

 

Январь 3, 2018 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
29 июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад