Рассоми навраси тоҷик дар озмуни Чехия соҳиби ҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 19.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Як тасвири рассоми навраси тоҷик Нигина Азимова ба Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чехия роҳ ёфта, соҳиби ҷоиза гардид.
Тавре директори мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Хуҷанд Рауф Раҳматов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, ба озмуни мазкур, ки дар мавзӯи саёҳат ва ҷаҳонгардӣ буд, беш аз 25 ҳазор расм ворид гардидаанд. Бачаҳои тоҷик ба ин озмун 11 асар пешниҳод карданд, ки аз миёни онҳо ҳайати ҳакамон расми Нигина Азимоваро пазируфт.
Расми Нигина Азимова дар саҳифаи ин намоишгоҳ дар шабакаи ҷаҳонӣ дастрас аст. Нигина ба Ҷумҳурии Чехия сафар накардааст ва бо ин кишвар аз интернету телевизион ошност.
Бояд гуфт, ки расми тасвиркардаи Нигина Азимова ороишӣ буда, рассом дар он як қасрро тасвир кардааст. Дар канор чеҳраи духтарак, дар фазо ду шабпаракро дар ҳоли болу пар задан инъикос намудааст. Инчунин як манораи қалъаи шаҳри Хуҷанд ва пораҳои атласу адрасро низ ба қалами тасвир кашидааст. Тасвири Нигина аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон макони сулҳу дӯстист ва дорои таърихи қадимию ҳунарҳои мардумист.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чехия гардидани Нигина туҳфаи хубест.
Бояд гуфт, ки Нигина Азимова 17 сол дошта, дар мактаби рақами 19 шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад. Ӯ ҳамзамон тӯли чор сол ҳунари расмкаширо дар Мактаби бачагонаи рассомии маркази вилояти Суғд аз худ кардааст.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






