Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини: «АГРЕГАТИ ЯКУМИ НБО «РОҒУН» 16 НОЯБРИ СОЛИ ҶОРӢ БА КОР ДАРОВАРДА МЕШАВАД!»

Январь 31, 2018 17:57

ДУШАНБЕ, 31.01.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре аз ин пеш хабар додем, имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун Ширкати «Салини Импреҷило» баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.

Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ва дигар намояндагони ВАО чунин изҳор намуд:

«Имрӯз  ба майдони сохтмони Нурӯгоҳи барқи обии «Роғун» рафтам ва оид ба  сафари худ ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ахборот пешниҳод намудам. Дар майдони сохтмон корҳо пеш мераванд ва дар қитъаҳои алоҳидаи  он шумораи зиёди сохтмончиён фаъолият доранд. Аз пешрафти кор хеле хушҳол ҳам шудам ва ба Ҷаноби Олӣ ваъда додам, ки агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор дароварда  хоҳад шуд. Ҳамаи сохтмончиёни НБО «Роғун» имрӯз ифтихорманд ҳастанд, ки дар бунёди чунин иншооти таърихии гидроэнергетикӣ иштирок менамоянд.

Барои Ширкати «Салини Импреҷило» низ  муҷиби ифтихор  аст, ки дар бунёди ин иншооти азим  саҳми худро мегузорад».

 

 

Январь 31, 2018 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд