С. Аслов бо муовинони вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Туркманистон мулоқот кард

Январь 26, 2018 09:38

ДУШАНБЕ, 26.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 25 январ муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Динара Кемелеваро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи 12-уми “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония” ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбековро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баргузории он 1-2 феврали соли 2018 дар назар аст, муҳокима карданд.

Инчунин 25 январ Сироҷидин Аслов муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хоҷиевро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд. Ҳамчунин мавзӯи ҳамкории мутақобила дар доираи  созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафҳо  қарор гирифт.

 

Январь 26, 2018 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид