Сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюк бар асари ҳамлаи террористӣ дар Кобул осеб надидааст

Январь 24, 2018 17:12

ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи «Вести»-и шабакаи телевизионии «Россия» иттилоъ дод, ки рӯзи 20 январ Сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюк зимни ҳамлаи террористӣ дар Кобул ҳангоми забти меҳмонхонаи  «Intercontinental» ҳалок гардидааст.

Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон, ки хушбахтона зинда ва саломат аст, зикр намуд, ки рӯзи содир шудани ҳамлаи террористӣ дар Душанбе қарор дошт ва ҳангоми хондани иттилоъ дар бораи гӯё ҳалок шуданаш дар ҳайрат монд. Сафир ҳодисаро шарҳ дода, афзуд, ки Украина ҳама гуна зуҳуроти терроризмро, аз ҷумла, ҳамлаи террористиро дар Афғонистон, ки бар асари он 7 нафар шаҳрвандони Украина ҳалок гардиданд, маҳкум менамояд.

«Ҷасади қурбониён, инчунин  19 нафар шаҳрвандони дигари Украина низ, ки  наҷот ёфта буданд, аллакай ба   ватан фиристода шуданд», — гуфт сафир.

«Аз як тараф, мо ба пайвандони қурбониён ҳамдардии амиқ изҳор менамоем, аз тарафи дигар, бар зидди терроризм мубориза мебарем ва тадбирҳоеро, ки дар ин самт Ҳукумати Афғонистон меандешад, пурра дастгирӣ мекунем», — афзуд Виктор Никитюк.

Ёдовар мешавем, ки 20 январ ифротгароён меҳмонхонаи «Intercontinental»-ро забт намуданд. Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ 43 нафар ҳалок гардида, 126 каси дигар, аз ҷумла, 41 нафар шаҳрвандони хориҷӣ наҷот дода шуданд. Дар ин бора дар сомонаи барномаи телевизионии «Вести» хабар дода шудааст.

Дар ин ҳодиса 6 нафар одамони мусаллаҳ ба меҳмонхона даромада, баъзе аз бошандагони меҳмонхонаро куштанд ва боқимондаро асир гирифтанд. Амалиёти озоднамоӣ тақрибан 17 соат идома кард. Аз меҳмонхона 150 нафарро таҳвил доданд. Миёни террористон 5 нафар маҳв  гардиданд. Масъулияти ҳамларо ҳаракати «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар дӯш гирифт.

 

Январь 24, 2018 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст