Сарраёсати молияи Бадахшон оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи буҷет тариқи «онлайнӣ» гузориш дод
ХОРУҒ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарраёсати молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба баррасии натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ ҷамъомад доир гардид. Сардори Сарраёсати молияи ВМКБ Мирзоҷон Мирзоҷонов гуфт, ки “солҳои пеш намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ширкат менамуданд, аммо имсол бо истифода аз шабакаи интернетӣ масъулини ин вазорат бо мо дар тамос шуданд ва дар муҳокимаи масъала ширкат намуданд”.
Сардори Сарраёсати молияи вилоят аз тариқи шабакаи интернетии «онлайн» ба муовини аввали Вазири молияи ҶТ Ҷамшед Каримзода аз ҷараёни иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2017 гузориш дод. Аз рӯи ҳисоботи пешакӣ даромади буҷет ба андозаи 112, 9 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра аз рӯи маблағҳои мақсаднок 99 фоизи андоз ба буҷети маҳаллӣ ворид гардид. Бо мақсади таъмин намудани пардохти саривақтии музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, ҷубронпулиҳо, идрорпулии донишҷӯён ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз фаъолияти яксола ва натиҷаи иҷрои нақшаҳои соли 2017 гузориш доданд. Муовини Сарраёсати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сифатнок ва пурра таъмин намудани воридоти андоз ба буҷаи вилоят ба мудирони шуъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳо маслиҳатҳои судманд дод.
Бори аввал аст, ки кормандони Сарраёсати молияи ВМКБ ва шуъбаҳои он аз тариқи шабакаи интернетӣ мустақиман бо Вазорати молияи ҷумҳурӣ гуфтугӯ барқарор карда, барои боз ҳам ғанӣ гардонидани буҷаи маҳалӣ тадбир меандешанд.
Зимни ҷамъомад қарор дода шуд, ки баҳри зиёд намудани қисми даромади буҷети вилоят фаъолияти шуъбаи банақшагирии даромадҳои давлатӣ боз ҳам беҳтар гардида, мутахассисони он ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб карда шаванд. Ҳамчунин ба мутахассисони шуъба дастур дода шуд, ки фаъолияти молиявии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию хусусиро зери назорат ва таҳлили амиқ қарор диҳанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






