Сарраёсати молияи Бадахшон оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи буҷет тариқи «онлайнӣ» гузориш дод

Январь 12, 2018 14:10

ХОРУҒ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Сарраёсати  молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба баррасии натиҷаи иҷрои  буҷети  маҳаллӣ ҷамъомад доир гардид.  Сардори Сарраёсати молияи  ВМКБ  Мирзоҷон Мирзоҷонов гуфт, ки “солҳои пеш намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ширкат менамуданд, аммо имсол бо истифода аз шабакаи интернетӣ масъулини ин вазорат бо мо дар тамос шуданд ва дар муҳокимаи масъала ширкат намуданд”.

Сардори Сарраёсати молияи вилоят  аз тариқи   шабакаи интернетии «онлайн»  ба муовини  аввали  Вазири  молияи  ҶТ  Ҷамшед Каримзода  аз ҷараёни иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2017  гузориш дод.  Аз рӯи  ҳисоботи пешакӣ  даромади  буҷет  ба андозаи 112, 9 фоиз  таъмин гардид.  Дар ин  давра аз  рӯи  маблағҳои мақсаднок 99 фоизи андоз  ба буҷети маҳаллӣ ворид  гардид.  Бо мақсади  таъмин намудани  пардохти  саривақтии  музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ,  ҷубронпулиҳо, идрорпулии донишҷӯён ва дигар  пардохтҳои ҳатмӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.  Ҳамчунин   сардорони   шуъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят  аз фаъолияти яксола ва натиҷаи иҷрои нақшаҳои  соли  2017 гузориш доданд. Муовини   Сарраёсати  молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  сифатнок ва пурра таъмин намудани  воридоти андоз ба   буҷаи вилоят  ба мудирони шуъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳо маслиҳатҳои судманд дод.

Бори аввал аст, ки  кормандони  Сарраёсати молияи ВМКБ  ва шуъбаҳои  он   аз тариқи шабакаи  интернетӣ мустақиман  бо Вазорати молияи ҷумҳурӣ гуфтугӯ барқарор карда, барои боз ҳам ғанӣ гардонидани буҷаи маҳалӣ тадбир меандешанд.

Зимни ҷамъомад қарор дода шуд, ки баҳри зиёд намудани   қисми даромади  буҷети  вилоят   фаъолияти шуъбаи банақшагирии  даромадҳои давлатӣ боз ҳам беҳтар гардида, мутахассисони он ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб карда шаванд. Ҳамчунин ба мутахассисони шуъба дастур дода шуд, ки  фаъолияти молиявии  корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию хусусиро    зери назорат  ва таҳлили  амиқ  қарор диҳанд.

Январь 12, 2018 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад