Се мусофири мошини тамғаи «Старекс», ки зери сангреза монда буданд, наҷот ёфтанд
ДУШАНБЕ, 09.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наҷоти се мусофири мошини тамғаи «Старекс», ки зери сангреза монда буданд, хабар медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфӣ хабар дод, дар натиҷаи сангреза ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе мошини тамғаи «Старекс» бо се мусофир зери сангреза монда, дар натиҷа ронанда, сокини ноҳияи Рӯшон Манучеҳр Раҳматуллоев дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида, се нафар мусофири онро наҷотдиҳандагони Кумита аз дохили мошин берун оварданд. Ба иттилои манбаъ, ин мусофирон дарҳол ба Бемористони марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин интиқол дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи боришоти 8 январи соли равон дар километри 225-уми роҳи мошингарди Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ, дар мавзеи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз кӯҳҳо санг фаромад.
Дар робита ба ин сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Аноятшоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар минтақаи роҳи мазкур резиши санг ҳанӯз ҳам идома дошта, корҳои бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ муваққатан қатъ гардидаанд. Ба иттилои номбурда, дар айни ҳол 50 метри роҳ дар ин мавзеъ тоза карда шуда, баробари хотима ёфтани резиши санг корҳои тозакунии роҳи мазкур идома меёбанд.
Аловуддин Аноятшоев ҳамчунин зикр кард, ки айни замон намояндагони сохторҳои дахлдор дар макони офати табиӣ қарор дошта, тамоми техникаи мавҷуда баҳри тоза намудан ва кушодани роҳ сафарбар карда шудаанд.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






