Шариф Назарзода: «Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд»
ДУШАНБЕ, 05.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзу дар амон нигоҳ доштани молу мулки шаҳрвандон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ин нуктаро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода зимни вохӯрӣ бо ҳайати шахсии Баталйони хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия (БХДПМ) баён намуд.
Ба гуфтаи ӯ, чун дигар ҷузъу томи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе кормандони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсат низ новобаста аз вазъи боду ҳаво, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт дар хатсайрҳои муайяншуда ба таври шабонарӯзӣ хизмати патрулию дидбонӣ ба роҳ мондаанд.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсат бори дигар таъкид намуд, ки бо дарки масъулият ва иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат шабона дар хатсайрҳои муайянгардида тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр карда шуда, кормандони Баталиёни мазкур шабона хатсайрҳои муайяншударо зери назорати қатъӣ мегиранд. Ин имкон медиҳад, ки аз сар задани ҳар гуна амалҳои номақбул, аз қабили дуздиву ғоратгарӣ, авбошиву бадмастӣ ҷилавгирӣ шавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






