Соли 2017 маоши омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 5 то 30 % зиёд карда шуд

Январь 23, 2018 14:45

ДУШАНБЕ, 23.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ҷавони ҷомеа, соли сипаригардида маоши омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) аз  5 то 30 % зиёд карда шуд. Дар ин бора имрӯз, 23 январ ректори донишгоҳи мазкур Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Бо назардошти он, ки аксарияти ассистентони донишгоҳро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли ҷавонон аз ҷониби раёсати ДМТ маоши асистентон 30 % баланд бардошта шуд. Ин тадбир асосан ба хотири зиёд намудани диққат ва қобилиятнокии ҷавонон- аспирантони ДМТ роҳандозӣ карда шуд. Фикр мекунам, ки он дар Соли ҷавонон барои аспирантони мо ва дар роҳи татбиқи сиёсати Пешвои миллат нисбат ба ин қишри ҷомеа амали саривақтӣ мебошад»,-гуфт номбурда.

Зикр шуд, ки олимони донишгоҳ бо ҳисси баланди дарки масъулият дар раванди босуръати рушди илму техника, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаву зарурати таҳия ва татбиқи амалии дастовардҳои илмиро ба миён овардааст, фаъолияти илмии худро идома дода, баҳри ҳарчи бештар дар соҳаҳои гуногун татбиқ намудани дастовардҳои илмии худ кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд.

«Маҳз таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ ба пайванди илм бо истеҳсолот буд, ки нишондиҳандаҳои илмии соли 2017 дар муқоиса ба соли 2016 хеле беҳбудӣ ёфта, миқдори унвондорони донишгоҳ аз 51% ба 53,1% баробар шуд»,-гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.

Январь 23, 2018 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид