Соли ташаббусҳои бузург-бардошт аз ҷамъомад дар Кумитаи рушди маҳал
ДУШАНБЕ, 11.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Кумита Қосим Роҳбар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2017 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Кумита барои соли 2018 сухан гуфта, иброз дошт, ки баҳри иҷрои самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” кормандони Кумита самаранок меҳнат мекунанд.
Қосим Роҳбар зикр намуд, ки бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 инчунин 22 марти соли равон чорабиниҳои вобаста ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 оғоз меёбанд.
Иқдоми мазкур барои ташаккули фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавӣ тавассути ривоҷи ҳунарҳои халқӣ ва истифодаи босамари захираҳои об дар маҳал, дар Кумита гузаронидани суҳбатҳои “мизи мудаввар” бо ҷалби олимони бостоншиносу донандаи таърихи ниёгон ва сарватҳои табиии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, натиҷаи он барои пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар маҳал дар давоми соли равон мавриди истифода қарор дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






