Суди шаҳри Норак 348 адад парвандаҳои маъмуриро баррасӣ намуд

Январь 3, 2018 15:17

НОРАК, 03.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Суди шаҳри Норак сокини деҳаи Қибилии шаҳр С. Маҳмудовро, ки соли таваллудаш 1996 мебошад, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати мастӣ бинобар истеъмоли маводи мухаддир ва дар ин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт бар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурии ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 15 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъйин намуд. Дар ин бора судяи Суди шаҳри Норак Муҳаммад Расулзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, С. Маҳмудов пас аз истеъмоли маводи мухаддир, яъне бангдона зимни идораи воситаи нақлиёташ дар кӯчаи С. Айнии шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони ШБДА-и шаҳри Душанбе дастгир мегардад. Пас аз муоинаи тиббии Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғуломови шаҳри Душанбе муайян гардидааст, ки номбурда дар ҳақиқат навъи бангдона истифода бурда, дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштааст.

Суди шаҳри Норак соли 2017 348 адад парвандаҳои маъмуриро баррасӣ намуд, ки аз ин 32 адад ба моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт, 7 адад ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 115 адад ба моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ рост меоянд.

 

 

Январь 3, 2018 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид