ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 11 январ, панҷшанбе, 11-умин рӯзи соли 2018 аст

Январь 11, 2018 08:17

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

11 январи соли 2014  дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ баррасӣ шуд.

***

8 сол пеш, 11 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе  дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи Созишнома миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  Ҷуҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омода кардани лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

11 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии ташаккур.

***

Дар Албания- Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи мамнӯъгоҳ ва боғҳои миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

 11 январи соли 2015 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон консерти мусиқии муосири асбобҳои мусиқавии маъмулии японии кото ва сямисен баргузор гардид.

 ***

11 январи соли 1952 Комиссияи СММ оид ба бесилоҳ кардан таъсис дода шуд.

***

59 сол муқаддам, 11 январи соли 1959 дар Ветнами Ҷанубӣ бисёрникоҳӣ манъ карда шуд.

***

11 январи соли 1982 дар Брюссел ҷаласаи махсуси Шӯрои Паймони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ бахшида ба муҳокимаи «Вазъ дар Полша» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1989 намояндагони 149 давлати дунё зери баёния дар бораи манъи истифодаи газҳои заҳролуд ва яроқи биологию химиявӣ имзо гузоштанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

 Соли 1913 дар Ню-Йорк аввалин автомобили тамғаи седан дар ҷаҳон намоиш дода шуд.

Январь 11, 2018 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст