ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 22 январ, душанбе, 22-юмин рӯзи соли 2018 аст

Январь 22, 2018 08:02

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

22 январи соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

  ***

4 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Дания, ки таҳти сарварии узви Кумита оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед дар Тоҷикистон қарор доштанд, масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2016 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.

 22 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

***

Дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат.

 РӮЙДОДҲО:

 22 январи соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро «Ҷамъияти пушкинӣ»- и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҳамватанони россиягии Тоҷикистон баргузор намуданд.

***

22 январи соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии хотиравии бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.

***

4 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR»)  – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли  1960 дар натиҷаи таркиш дар кони назди Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

22 январи соли 2002 шумораи муштариёни ширкати «Мегафон» ба як миллион нафар баробар шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

 Соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд.

Январь 22, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш