ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 29.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ тавсиф мешавад, масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пайваста таъкид менамоянд, ки ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва пешрафти давлат танҳо дар ҳолате таъмин мегардад, ки ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошад.
-Дар чунин шароити буҳронӣ ва ноором, ки ҷаҳони муосир бо он рӯ ба рӯ шудааст, тағйироти босуръати геополитикӣ, афзоиши рақобатҳои байналмилалӣ, пайдоиши таҳдидҳои нави амниятӣ ва мушкилоти иқтисодӣ аз давлатҳо ва ҷомеаҳо тақозо мекунанд, ки барои ҳифзи субот, рушди устувор ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 иброз намуданд, ки «дар шароити буҳрониву ноороме, ки чаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар шаҳрванди бонангу номуси мамлакат мебошад». Ин суханон моҳияти аслии сиёсати давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ифода мекунанд. Зеро истиқлолият танҳо дастоварди таърихӣ нест, балки арзиши бузургест, ки нигоҳдорӣ ва таҳкими он аз ҳар фарди ҷомеа заҳмат, масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ талаб менамояд.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки бо тағйироти босуръати сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин афзоиши таҳдидҳои гуногуни амниятӣ тавсиф мешавад, масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки субот ва рушди устувори давлат ба ваҳдати ҷомеа, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандон вобаста мебошад.
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва барномаи стратегии рушди ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Дар он самтҳои асосии пешрафти давлат, таҳкими суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муайян гардидаанд. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо дарки масъулият барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлат саҳми фаъол гузорад.
Ҳушёриву зиракии сиёсӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва меҳнати содиқона ба хотири пешрафти мамлакат метавонанд заминаи устувори ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин намоянд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем истиқлолияти давлатиро ҳифз намуда, дар ободии Ватан ва зиндагии шоистаи наслҳои оянда саҳми арзанда гузорем.
Некбахт ДОРОНШОЕВА,
мудири шуъбаи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Моҳи ноябр барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ аст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Кодекси экологии Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи муҳити зист заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад
МАВСИМИ АНОР ДАР ТОҶИКИСТОН. Маълумоти муфассал дар хусуси фоидаҳои ин мева
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили маҷмуии падидаи Пешво ва шакли давлатсозии миллӣ дар Тоҷикистони муосир
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Собиқ вакили Шурои Олӣ Адолат Раҳмонова: «Роҳи расидан ба сулҳ басо душвор, пурмонеа ва ноҳамвор буд»
НАҶОТБАХШИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






