ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 24 январ, чоршанбе, 24-умин рӯзи соли 2018 аст

Январь 24, 2018 08:09

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

24 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

***

4 сол пеш, 24 январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

 24 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии эскимо.

***

Дар Британияи Кабир – Рӯзи ёдбуди қурбониёни генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.

 РӮЙДОДҲО:

 24 январи соли 2008 дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» тасдиқ карда шуд.

 ***

24 январи соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

***

4 сол пеш, 24 январи соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бозии кушодашавии Ҷоми «Иттиҳод-2014» миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ – 2:2 ба анҷом расид.

***    

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои  аҳолӣ ба имзо расид.

***

Як сол пеш, 24 январи соли 2017 Канслери Германия Ангела Меркел гуфт, ки ҷаҳон ба марҳилаи нави таърихӣ шомил мешавад.

***

24 январи соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

  ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

 Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Январь 24, 2018 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст