ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 31 январ, чоршанбе, 31-умин рӯзи соли 2018 аст

Январь 31, 2018 08:12

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

31 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе, дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла, Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

91 сол муқаддам, 31 январи соли 1927 ноҳияи Исфара (ҳоло шаҳри Исфараи вилояти Суғд) таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) – МОИ «Ишкошим» ва «Данғара» таъсис дода шуданд.

 31 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии заргар.

***

Рӯзи истиқлолияти Науру.

РӮЙДОДҲО:

31 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА баррасӣ гардид.

***

31 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе маросими супоридани дипломҳо ба  барандагони озмуни Д. Менделеев ва М. Ломоносов баргузор гардид.

***

Як сол пеш, 31 январи соли 2017 ВАО хабар доданд, ки собиқ ҳокими иёлати Калифорнияи ИМА Арнолд Швартснегер  фармони муҳоҷиратии Президенти ИМА Доналд Трампро танқид намуд ва онро «бемулоҳиза» ва «беақлона» унвон кард. Қаблан Трамп фармонеро «Дар бораи ҳимояи кишвар аз ворид шудани террористони хориҷӣ» ба имзо расонида буд, ки он ба ИМА дар давоми 90 рӯз ворид шудани ҳамаи шаҳрвандони 7 давлат (Эрон, Ироқ, Яман, Ливия, Сурия, Сомалӣ ва Судон) – ро манъ менамуд. Инчунин  давоми 120 рӯз қабули ҳамаи гурезагон ва дар муҳлати

***

Дар ин рӯзи соли 1865 Дмитрий Иванович Менделеев рисолаи докториашро дар мавзӯи «Дар бораи омехташавии спирт бо об» ҳимоя намуд ва унвони профессори Донишгоҳи Петербургро дар кафедраи кимиёи техникӣ ба даст овард.

***

Инчунин 31 январи соли 1893 тамғаи молии «Кока-Кола» ба қайд гирифта шуд.

***

31 январи соли 1906 дар Эквадор пуршиддаттарин заминҷунбӣ дар таърих ба қайд гирифта шуд, ки он аз рӯи ҷадвали Рихтер 8,6 баллро ташкил дод.

  ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1729 аввалин китоб бо ҳуруфоти арабӣ нашр шуд.

***

Соли 1924 аввалин Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардид.

 

Январь 31, 2018 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш