ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 8 январ, душанбе, 8-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
8 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
***
3 сол пеш, 8 январи соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи хиёнаткоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Шарли Эбдо», ки 12 нафар ба ҳалокат расиданд, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабули аризаҳоро барои грантҳои хурди Комиссия оид ба рушди демократия дар соли 2010 эълон намуд.
8 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷазираҳои шимолии Мариана – Рӯзи Иттиҳод.
РӮЙДОДҲО:
8 январи соли 2013 лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ оид ба дастгирии ислоҳоти тандурустӣ дар Тоҷикистон» оғоз гардид.
***
8 январи соли 1912 Конгресси миллии Африқо таъсис дода шуд.
***
57 сол муқаддам, 8 январи соли 1961 франсузҳо дар раъйпурсӣ барои таъмини истиқлолияти Алжир овоз доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2001 дар Кот-д’Ивуар кӯшиши барпо намудани табаддулоти давлатӣ содир гардид.
***
8 январи соли 2010 дар пойтахти Салвадор, қариб баъди ним асри танаффус Сафорати Куба ифтитоҳ карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1861 дар Империяи Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Вокруг света» («Гирди ҷаҳон») нашр шуд.