Табибони Кӯлоб: «Паёми Пешвои миллат масъулияти моро дучанд кард»
КӮЛОБ, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар Беморхонаи сироятии шаҳр ҷиҳати баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ зикр намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола иброз доштанд, ки дар соҳаи тандурустии мамлакат бо вуҷуди пешравиҳо, як зумра камбудиҳо низ мавҷуданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат вобаста ба воридот ва муомилоти доруҳои пастсифат, муносибати хунукназаронаи баъзе табибон, кам истифода бурдан аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, рушди нокифояи саноати дорусозӣ ва амсоли инҳо изҳори нигаронӣ намуданд.
Президенти мамлакат ҳамчунин таъкид намуданд, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти давлат мебошад.
Иштирокдорон ҳамчунин дигар паҳлуҳои Паёми Пешвои миллатро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар мулоқот кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб зикр карданд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва он нуктаҳоеро, ки дар Паём зикр гардидаанд, сармашқи кори худ қарор дода, тамоми имкониятҳоро ба кор мебаранд, то камбудиҳои зикршуда ислоҳ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ таъмин гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






