Татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об-воситаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт. Гурӯҳи корӣ ба сокинони шаҳри Хоруғ моҳияти Паёми Пешвои миллатро шарҳ дод

Январь 11, 2018 10:28

ХОРУҒ, 11.1.2018  /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гурӯҳи корӣ иборат аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шаҳру  ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карданд. Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев зимни мулоқот бо кормандони идораву муассисаҳои шаҳраки ба номи Исмоили Сомонӣ изҳор дошт, ки “Паёми имсолаи Пешвои миллат бо таҳлилу баррасии вазъи сиёсати дохилию берунии ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва ин бесабаб нест. Зеро дар чанд соли охир бо пайдо шудани гурӯҳҳои хеле даҳшатноку ифротгаро вазъи низоми давлатдории баъзе аз кишварҳои ҷаҳон  халалдор гашта, миллионҳо нафар  шаҳрвандони ин давлатҳо барои наҷоти ҷони худу фарзандонашон маҷбур шуданд ватани худро тарк кунанд. Аз дасти аъзои гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ҳазорон одамон  бо шумули кӯдакону занон дар ин ё он гӯшаи сайёра ба ҳалокат расиданд. Бо кумаку дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин гурӯҳҳои террористӣ кушта шуданд, аммо як қисмашон бо ҳар роҳу восита худро ба  давлатҳои Осиёву Аврупо  расонданд ва ҳоло бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар ин давлатҳо паноҳгоҳ ихтиёр намудаанд. Аз ин рӯ мо бояд  роҳ надиҳем, ки қадами нопоки чунин афроди ваҳшисират ба хоки поки сарзамини мо расад.  Дари Тоҷикистон барои  он шаҳрвандоне, ки бо нияти неку кори хайр ба ҷумҳурии мо сафар мекунанд, ҳамеша боз аст. Ин нуктаро Пешвои миллат  бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдоварӣ намуда, изҳор доштанд, ки таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад”.

Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи давлатамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз тадбиқи лоиҳаҳои муштараки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо шарикони хориҷӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдовар шуда, баён дошт, ки бунёди роҳи байналмилалии Кӯлоб- Дарвоз- Хоруғ- Қулма- Мурғоб, панҷ пул дар болои дарёи Панҷ, таҳкими соҳили ин дарё аз хатари обхезӣ, сохтмони даҳҳо муассисаҳои таълимию тандурустӣ самараи ҳамин ҳамкорӣ мебошад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Амрихудо Дамдоров  саҳми Пешвои миллатро дар ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза- ҳифз ва нигаҳдошти оби ошомиданӣ муассир хонда, изҳор намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар аз нияту мақсад ва нақшаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик сухан ронда, баён доштанд, ки  «мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод. Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман оғоз мегардад».

 

 

 

 

 

Январь 11, 2018 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид