«Тоҷик Эйр» шумораи парвозҳоро ба самти Деҳлӣ зиёд менамояд

Январь 12, 2018 15:14

ДУШАНБЕ, 12.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 феврал ширкати миллии «Тоҷик Эйр» шумораи парвозҳоро ба самти Душанбе – Деҳлӣ– Душанбе зиёд мекунад. Мусофирон метавонанд дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба Ҳиндустон сафар намоянд. Парвозҳо тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» сурат мегиранд.

Давомнокии парвоз дар як самт 2 соату 30 дақиқаро ташкил дода,  арзиши чипта 3 ҳазору 953 сомониро ташкил медиҳад. Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дод, васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати миллии «Тоҷик Эйр» барои рафту омади сокинони мамлакат ба хориҷи ҷумҳурӣ ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.

Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борро ба самтҳои   Алмаато, Бишкек,  Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут  ва Хуҷанду Хоруғ пешниҳод менамояд.

Барои харидани чиптаҳо ва гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба телефонҳои мазкур занг занед: (+992 48) 701 50 42; (+992) 905 100 200.

Январь 12, 2018 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар