«Тоҷик Эйр» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои воридоти ҳавопаймою вагонҳои замонавӣ аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд

Январь 31, 2018 16:49

ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 31 январ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон,  ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» илова ворид намуданд.

Тибқи он Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои воридоти  ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркашонӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Вазири молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Файзидин Қаҳҳорзода ва  вакили Маҷлиси намояндагон Тоҳир Ҷобирзода дар  тавзеҳи ин масъала таъкид намуданд, ки ин тадбир бо мақсади  навсозии  техникии ҶСК «Тоҷик Эйр», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон андешида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки пешниҳоди имтиёзҳо ба ҶСК «Тоҷик Эйр»  ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  аз Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2017 ирсол гардида буд, бармеояд.

 

Январь 31, 2018 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид