Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад-шарҳи Паёми Пешвои миллат дар Норак
НОРАК, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи Неругоҳи барқи обии “Бойғозӣ”-и шаҳри Норак ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомади мазкур директори неругоҳ Рустам Зоғаков иброз намуд, ки “Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегарданд”.
Инчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз давлатҳои татбиқкунандаи энергияи сабз маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад. Хушбахтона, ҳоло барои навсозии низоми энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, он дар маҷмӯъ барои рушди соҳаи энергетика равона гардидааст.
Баъд аз таҷдиду навсозии неругоҳҳои “Норак”, “Сарбанд”, “Қайроққум” таҷдиди пурраи НБО –и “Бойғозӣ” дар назар аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






