«Тоҷикистон», «Файзобод», «Рашт», «Дӯстӣ, «Нилуфар»- навъҳои нави картошкае, ки ҳосилнокии зиёд ва хусусияти табобатӣ доранд

Январь 10, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Соли  2017 аз тарафи олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  навъи нави картошкаи «Академияи илмҳо-1» ва топинамбур -ноки заминӣ бо номи «Сарват» ихтироъ гардид, ки Комиссияи давлатии навъсанҷӣ  ва муҳофизати навъҳои нави зироати кишоварзии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навъҳои ояндадори картошка (навъи «Академияи илмҳо-1») ва топинамбур («Сарват») шаҳодатномаҳои муаллифӣ  супорида, ин навъҳоро дар ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ  намуд. Ин навъҳо нисбатан серҳосил буда, ба ҳарорати баланд ва шӯрии замин хело тобовар мебошанд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои  кишоварзӣ, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев хабар дод.

Ба иттилои номбурда, саҳми олимони Институт дар рушди  картошкапарварии мамлакат назаррас буда, таи солҳои охир навъҳои картошкаи «Тоҷикистон», «Файзобод», «Рашт», «Дӯстӣ»,  «Нилуфар»-ро ба даст оварданд, ки ҳосилнокии онҳо аз 1 гектар ба 35-45 тонна расида, фоидаи иқтисодӣ  аз кишти  онҳо  беш аз 12-15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин навъҳои картошка алҳол дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Лахш, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Роғун, Файзобод, Ховалинг, Ванҷ, Ишкошим дар майдони беш аз 3 ҳазор гектар  кишт карда мешаванд.

Навъҳои картошкаи «Тоҷикистон»  ва «Нилуфар»  серҳосил буда, дар баробари маводи ғизоӣ инчунин маводи табобатӣ низ ба шумор мераванд.  Ба иттилои сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, картошкаи «Тоҷикистон»  соли 2015 аз тарафи Комиссияи давлатии навъсанҷӣ  ва муҳофизати навъҳои нави зироати кишоварзии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳиябандӣ шудааст. Ин  навъи картошка дорои оҳани зиёд буда, барои камхунӣ ба инсон фоидаовар мебошад. Инчунин картошкаи «Нилуфар»   аз йод бой буда, барои пешгирии бемории ҷоғар манфиатбахш мебошад.

Ҳоло олимони АИ ҶТ дар ҳамкорӣ  бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ  Шоҳтемур ва Муассисаи давлатии “Агролизинг” дар мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат бори аввал корҳои омӯзишии бештар аз  100 навъу намунаҳои картошка, гандум, зироати хӯроки чорво, топинамбурро ба роҳ монда, бештар аз 30 намуди гиёҳҳои шифоиро омӯхтанд, ки онҳо аҳамияти калони илмию амалиро доро мебошанд. Ҳоло дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои ҷумҳурӣ корҳои илмӣ  доир ба омӯзиши зироати батат (картошкаи ширин) оғоз шудаанд, ки он аҳамияти ғизоӣ ва табобатӣ  дошта, ба ҳарорати баланди ҳаво хело тобовар аст. Ин картошка дар раванди баланд гаштани ҳарорати ҳаво дар оянда барои ба даст овардани хӯрокӣ аҳамияти калон  дорад.

Холисаи АСОМИДДИН,

АМИТ “Ховар”

Январь 10, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид