Тоҷикистону Германия бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ якҷоя мубориза мебаранд

Январь 15, 2018 15:24

ДУШАНБЕ, 15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер Виссинг мулоқот доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода Найтхарт Хёфер Виссингро ба муносибати ба тозагӣ таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои корҳои муҳим барору комёбӣ таманно кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин ба масъалаҳои мубодилаи таҷриба, иттилоот ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар хотимаи мулоқоти судманд ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумӯи ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният изҳори боварӣ карданд.

 

Январь 15, 2018 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад