Тоҷикобод: яхобмонӣ ҳосилро босифату фаровон ва беморию ҳашароти зараррасонро нест мекунад
ТОҶИКОБОД, 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкилу назорати яхобмонӣ ва шӯршӯӣ дар ноҳияи Тоҷикобод вобаста ба мавсими минтақа аз моҳи ноябр сар карда, то имрӯз яхобмонӣ идома дорад.
Ба иттилои мудири шуъбаи идораи оби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Тоҷикобод Аброрхуҷа Ҳаннонов, дар ноҳия барои обёрии заминҳои корами обӣ 7 канал бо масоҳати 101 километр мавҷуданд, ки 72 километри он коршоям буда, дар мавсими яхобмонии боғҳо ва заминҳои корам деҳқононро бо оби полезӣ таъмин намуда истодаанд.
Мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия Фазлиддин Қурбонов гуфт, ки дар ҳамаи шаклҳои соҳаи кишоварзии ноҳия 830 гектар боғҳо мавҷуданд, ки 395 гектари ин боғҳо дар заминҳои корами обӣ ҷойгиранд. Боғдорони ноҳия барои рӯёнидани ҳосили зиёди босифат ва аз беморию ҳашароти зараррасон эмин нигоҳ доштани боғҳояшон аз шароити мусоид истифода бурда, ба дарахтонашон яхоб мемонанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






