Тоҷикони Новокузнетск нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд

Январь 18, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо Паёми солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни ҳамватанони бурунмарзиамон низ ҳамовозии гарму ҷӯшон ба миён овардааст. Аз ҷониби  ташкилоти минтақавии «Дӯстии тоҷику рус»-и шаҳри Новокузнетски вилояти Кемерово дар асоси Паёми Пешвои миллат нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, масъулин тасмим гирифтаанд, ки зина ба зина ҳар як банди Паёми Пешвои миллатро дар вохӯриву суҳбатҳои алоҳида ба ҳамватанони дар шаҳри Новокузнетск фаъолияткунанда ва донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои оливу тахассусии вилояти Кемерово таҳсил мекунанд, шарҳу эзоҳ диҳанд.

Дар Маркази фарҳангии тоҷикон вохӯрии раёсати ҷамъияти тоҷикон бо донишҷӯён ва соҳибкорон таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат- дурнамои имрӯзу фардои  миллат» баргузор гардид. Раиси ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск Шавкатҷон Тоҳиров иброз намуд, ки «дар Паёми солонаи Пешвои миллат тамоми самтҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриамон нишон дода шудаанд, ки  саривақтӣ мебошад. Ҳар як фарди солимфикр бояд барои дар амал татбиқ гардидани ин пешниҳоду дастурҳои Сарвари давлат кӯшиш намояд, зеро ободию осудагии ҷумҳуриамон аз меҳнати аҳлонаи мо вобаста аст».

Дигар иштирокдорони ҳамоиш ба музокира баромада, иброз доштанд, ки ҳама бандҳои Паёми пешвои миллат, бахусус сабукӣ додан ба соҳибкорон, ҳифзу гиромидошти анъанаю суннатҳои миллӣ ва забону фарҳанги таърихиамонро ҷонибдорӣ карда, умед доранд, ки дар ҳар куҷое набошанд, барои дар амал татбиқ гардидани ин Паёми созанда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

                       Садбарги БОҚӢ,

хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар»

дар Федератсияи Россия

Январь 18, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд