«Тоҷикстандарт»: соли 2017 беш аз се ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквории пастсифату ғайристандартӣ ошкор гардид

Январь 31, 2018 16:28

ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз се ҳазор тонна  маҳсулоти  гуногуни хӯроквории  ба талабот ҷавобгӯй набуда  соли гузашта аз ҷониби мутахассисони Агентии  «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ  ошкор гардид.  Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода  31 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки аз ин миқдор маҳсулоти хӯроквории ба талабот ҷавобгӯ набуда беш аз 1000 тоннааш маҳсулоти  пастсифату хатарнок ва  қариб 2 ҳазор тоннааш маҳсулоти хӯроквории аз рӯи тамғагузорӣ ғайристандартӣ дониста шудаанд.

Ҳамзамон зимни амалӣ намудани  назорати давлатӣ дар бозори истеъмолӣ аз ҷониби  нозироти савдо маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз қабили беш аз 1300 қуттӣ тамоку, 45,5 тонна  масолеҳи сохтмонӣ, қариб 11 ҳазор дона фурӯзонакҳои тафсон, 2938 адад фурӯзонакҳои  каммасраф, 3400 метр ноқил, ки ба талаботи  ҳуҷҷатҳои меъёрӣ- техникӣ ҷавобгӯ  набуданд, ошкор карда шуд.

Инчунин соли сипаригардида  дар натиҷаи амалӣ  намудани санҷиш ва назорати  давлатӣ  бо мақсади ҳифзи бозори  истеъмолии мамлакат  аз воридоти  маҳсулоти  пастсифату  хатарнок, ҳимояи  ҳуқуқи  истеъмолкунандагон ва таъмини риояи талаботи   ҳуҷҷатҳои меъёрии  техникӣ дар субъектҳои хоҷагидори мамлакат аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар беш аз 5 ҳазор ҳолат  ба маблағи зиёда аз 1,3 миллион сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.

Январь 31, 2018 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид