«Тоҷикстандарт»: соли 2017 беш аз се ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквории пастсифату ғайристандартӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз се ҳазор тонна маҳсулоти гуногуни хӯроквории ба талабот ҷавобгӯй набуда соли гузашта аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ ошкор гардид. Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода 31 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки аз ин миқдор маҳсулоти хӯроквории ба талабот ҷавобгӯ набуда беш аз 1000 тоннааш маҳсулоти пастсифату хатарнок ва қариб 2 ҳазор тоннааш маҳсулоти хӯроквории аз рӯи тамғагузорӣ ғайристандартӣ дониста шудаанд.
Ҳамзамон зимни амалӣ намудани назорати давлатӣ дар бозори истеъмолӣ аз ҷониби нозироти савдо маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз қабили беш аз 1300 қуттӣ тамоку, 45,5 тонна масолеҳи сохтмонӣ, қариб 11 ҳазор дона фурӯзонакҳои тафсон, 2938 адад фурӯзонакҳои каммасраф, 3400 метр ноқил, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ- техникӣ ҷавобгӯ набуданд, ошкор карда шуд.
Инчунин соли сипаригардида дар натиҷаи амалӣ намудани санҷиш ва назорати давлатӣ бо мақсади ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар субъектҳои хоҷагидори мамлакат аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар беш аз 5 ҳазор ҳолат ба маблағи зиёда аз 1,3 миллион сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






