«Ҳунари рассомии Ҳиндустон ва Тоҷикистон»-ҳамоиш дар доираи 25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон

Январь 17, 2018 16:04

ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  «Ҳунари рассомии Ҳиндустон ва Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25—солагии муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Ҳиндустон шашумин маърузаи  ҷашнӣ доир гардид.

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз ташкилкунандагони асосии  ҳамоиш ба ҳисоб мераванд.

Муовини директори Институт Нарзулло Амиров зикр кард, ки чунин ҳамоишҳо имконият медиҳанд, ки донишмандон ва ҳаводорон оид ба фарҳанги муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маълумоти зарурӣ гиранд. «Дар ҳамоиши имрӯза мавзӯи ҳунари рассомии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор мегирад ва ба ин восита иштирокдорон метавонанд оид ба рушди ҳунари рассомии Ҳиндустон ва таъсири он ба ҳунари рассомии Тоҷикистон маълумот гиранд»,- гуфт Н. Амиров.

Котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мидҳун Рагҳаван оид ба намудҳои анъанавии рассомии Ҳиндустон, алоқаи байни санъати тасвирии Осиёи Марказиву Ҳиндустон, рассомони муосири Ҳиндустон ва сабки онҳо маълумот дод.

Номбурда иброз намуд, ки намудҳои анъанавии рассомии Ҳиндустон- ин тасвирҳо дар сангу мағораҳо, рассомии мадҳубанӣ, майсурӣ, танҷорӣ, минётур, муғулҳо, пахарӣ, раҷпутӣ мебошанд. Ӯ гуфт, ки тасвирҳои сангу мағораҳои Бҳимбедка, ки дар музофоти Мадҳя Прадеш ҷойгир аст, тасвирҳои дорои таърихи 30000-сола ва тасвири манзараҳои ҳаёти ҳаррӯза мебошанд. Инҳо тасвирҳое мебошанд, ки марҳилаҳои гуногуни фарҳанги Ҳиндустонро инъикос менамоянд.

Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон, профессор Ҳабибулло Раҷабов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз намуд, ки вақте ба офаридаҳои рассомони ин мамлакати афсонавӣ назар мекунӣ, эҳсос мекунӣ, ки дар ҳунари рассомони машҳури Ҳиндустон таъсири рассомони Ғарб бештар дида мешавад. «Ин гуна ҷамъомадҳо аз як тараф, аз доштани равобити ҳасанаи ду давлати дӯст шаҳодат диҳанд, аз тарафи дигар, ба иштирокдорон-донишҷӯён имконият фароҳам меоваранд, ки  бо санъати рассомӣ ва рассомони машҳури Ҳиндустон шинос гарданд»,-илова намуд Ҳ. Раҷабов.

 

 

Январь 17, 2018 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд