ҲУНАРМАНДӢ БИЁМӮЗ! Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон бонувони хонашинро ба касбомӯзӣ даъват менамояд

Январь 17, 2018 17:09

ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сохторҳои  марбутаи мамлакат  вобаста ба иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар   Паёми  имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ  баён гардиданд, нақшаи  чорабиниҳоро   таҳия намуда,  ҷиҳати роҳандозии онҳо тадбирҳои мушаххас меандешанд.

  Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  яке аз  сохторҳое  маҳсуб мешавад, ки дар рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши муҳим гузошта, тавассути филиалу намояндагиҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  омӯзиши ин ҳунарҳои мардумӣ  ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

 Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба ин мавзӯъ бо директори  Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  Аслам РАҲИМОВ ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар ин бора чунин гуфт:

Соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин ташаббуси Сарвари давлат масъулияти кормандони  Маркази таълими  калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дучанд афзуд. Инро ба назар гирифта, маркази мо   феҳристи курсҳои омӯзиширо  зиёд ва теъдоди шунавандагонашро бештар намуд.

Бо ин мақсад муассисаи мо дар самти омӯзиши ҳунарҳои миллӣ,   бахусус аз ҳисоби  занону духтарони хонашин, тадбирҳои зарурӣ андешида,   дар заминаи марказҳои таълими калонсолон таъсис додани коргоҳҳои нави таълимӣ-истеҳсолии атласу адрас, қолинҳо  ва маҳсулоти дигари ҳунарҳои мардумиро ба нақша гирифтааст.

Кормандони марказ дар минтақаҳо низ  баҳри ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  ҷалб намудани аҳолӣ як зумра тадбирҳои судманд  меандешанд.

Ташаббуси  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди  аз 1 январи соли 2018 ҳангоми  фурӯши маҳсулоти    ҳунарҳои мардумӣ аз андоз озод намудани  онҳо теъдоди   омӯзандагони  ин ҳунарҳоро  афзуд.

Омӯзгорони маркази мо саъю кӯшиш доранд, ки  ба ҳунаромӯзон   тарзи тайёр  намудани маҳсулоти  ба талаботи замони муосир мутобиқро омӯзанд,  то  маҳсулоти истеҳсолнамуда ва асарҳои эҷоднамудаашон  дар ҳақиқат арзиши баланди эстетикӣ дошта бошанд. Ба онҳо,  пеш аз ҳама, ба сифати маҳсулот ва ороиш-дизайни он таваҷҷуҳ зоҳир намуданро меомӯзем. Зеро танҳо  моли босифат  метавонад, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро  ба худ ҷалб намояд ва он ба фурӯш рафта, рушди фаъолияти минбаъдаи ин ҳунармандонро таъмин созад.

Зиёд гардидани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ талабот  ба ихтисосҳоеро,  чун  пешхизмат, ошпаз, ороишгари мӯй,  роҳбаладон ва ғайраҳо меафзояд ва  бо дарназардошти ин дар марказ ба  омӯзиши ин ихтисосҳо  таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  давоми соли 2017 наздики  13 ҳазор  нафар бонувони хонашин  касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили  қолинбофӣ,  қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ,  дуредгарӣ, адрасбофӣ,   сабадбофӣ,  тоқидӯзӣ,  дӯзандагӣ, гилембофӣ   кулолгарӣ ва  ғайраро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатнома шуданд.

Айни замон дар  маркази таълимӣ  ва филиалҳои он зиёда аз 300 дастгоҳ барои  адрасу қолинбофӣ ва гулдӯзию шерозадӯзӣ, маводу таҷҳизоти омӯзиши оҳангарӣ, кулолгарӣ,  кандакорӣ дар чӯб мавриди омӯзиш ва истифодаи таълимгирандагон қарор доранд.
Дар соли 2017  ҳамчунин фаъолияти  филиалу намояндагиҳои Маркази таълими калонсолон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурмаҳсул буд.   Аз ҷумла,   дар ВМКБ 80 нафар аз ҳунарҷӯён давраҳои омӯзишии семоҳаро  хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки ин  барои пайдо намудани ҷои кори  онҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин   як гурӯҳ мутахассисони суғдӣ ба вилоят сафар намуда,  чанд дона дастгоҳҳои қолину адрасбофиро ба Маркази таълими калонсолони вилоят   туҳфа намуданд.  40 нафар аз духтарони  бекор   ба омӯзиши  ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик  машғул шуда, онро аз худ карданд, ки ин ба рушди минбаъдаи ин соҳа мусоидат менамояд.

Дар дигар минтақаҳо – вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ низ  омӯзиши  ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик  бо маром идома дорад.

Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 таъсис ёфта,  вазифаи асосии он фаро гирифтани  шаҳрвандон ба омӯзиши  касбҳои ҷавобгӯй ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки  дар маркази мазкур таълим аз рӯйи 48 ихтисос сурат мегирад.  Шахсоне, ки ҳамчун бекор аз тарафи давлат ба қайд гирифта шудаанд,  бо роҳхати Агентии меҳнат  ва  шуғли аҳолӣ барои касбомӯзӣ ба ин макон меоянд ва касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро  аз худ менамоянд.

Дари марказҳои мо  барои ҳунарҷӯён ҳамеша кушода аст ва кормандони мо дар хизмати онҳо қарор доранд. Алалхусус аз  бонувони хонашин даъват ба амал  меорем, ки барои  аз худ кардани ҳунарҳои мардумӣ ба  ин макон биёянд ва ҳунармандӣ   биомӯзанд.

                                Рухсораи НУР,

                                                                                                                       АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2018 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад