ҚУРБИ АСЪОР: имрӯз дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон нархи 1 доллари ИМА 8.8300 сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 15 январ қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8182 сомонӣ, 1 евро = 10.6956 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1555 сомонӣ.
Имрӯз, 15 январ қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.5800 то 10.8500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1555 — 0.1560 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






