ВАО шоҳиди нобуд кардани зиёда аз 341 кг маводи нашъаовар гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 24 кг 355 гр героин, 31 кг 860 гр ҳашиш, 277 кг 73 гр маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис, 7 кг 70 гр афюн, дар маҷмӯъ 341 кг 196 гр маводи нашъаовар имрӯз дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ сӯзонида шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Тавре зикр гардид, ин маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми ҳаждаҳ соли охир дар ин бухорӣ зиёда аз 20 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудаанд.
Бино ба иттилои масъулини Агентӣ, соли 2017 2 тоннаву 329 кг маводи мухаддир нобуд карда шудаанд, ки назар ба соли 2016 1 тоннаву 463 кг ё 2,6 маротиба зиёд мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






