Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: шаҳрвандони тоҷик дар Россия бояд дар давоми як шабонарўз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд

Январь 25, 2018 09:19

ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имсол дар Федератсияи Россия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол баргузор мегардад. Бинобар ин аз  25 май то 25 июли соли равон шаҳрвандони хориҷие, ки ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Самара, Саранск ва Сочии Федератсияи Россия барои будубоши муваққатӣ (ё доимӣ) ва ё фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, бояд дар давоми як шабонарўз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.

Дар ин бора аз  маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Бинобар ин  ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар ба шаҳрҳои  мазкури Федератсияи Россия то саршавии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, яъне то 25 майи соли равон бақайгузорӣ дар ҷойи зистро анҷом диҳанд. Бе зарурат аз воридшавӣ ба ин шаҳрҳои Федератсияи Россия дар давраи зикршуда худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия дар ин давра пурзӯр гардида, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд аз ҷониби мақомоти дахлдор сабаби татбиқи чораҳои қатъӣ нисбат ба онҳо гарданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандони мамлакат  метавонанд бо телефонҳои зерин тамос гиранд:

Хадамоти муҳоҷират – 225-05-81; 225-07-19;

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират –  44640-19-51; 44640-91-99.

 

 

 

Январь 25, 2018 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид