ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 15.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.
Дарёфт ва мусодираи хокаи тилло ва сиккаҳои фулузӣ
Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-сола ва марди 47-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо дастгир карда шуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 200 грамм хокаи тилло, 194,55 грамм пораҳои баргмонанди тилло ва 5 адад сиккаҳои фулузии «Николай-11» дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Даст ба ғоратгарӣ задани ноболиғ
Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ зани 29-солаи сокини пойтахт бо ариза муроҷиат намудааст, ки 13 январи соли равон ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-3»-ро, ки арзишаш 1300 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо гумони ғоратгарӣ дастгир намуданд.
Номбурда бо ҳамин роҳ дар хиёбони Рӯдакӣ бо тариқи зӯроварӣ аз зани 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-1», ки арзишаш 720 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби роҳбари «Сайри Сайёраҳо»
Кормандони милитсия бо гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 12 январи соли равон, марди 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур, роҳбари ҶДММ «Сайри Сайёраҳо»-ро ҳамчун гумонбар дар ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир намуданд.
Номбурда дар давоми моҳи октябри соли 2017 бе доштани иҷозатнома оид ба сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар хориҷи мамлакат, ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ машғул шуда, дар идораи ҶДММ-и мазкур 37 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ҷалб намуда, ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои кор ба сифати ронанда сафарбар намудааст.
Ҳалокати шаҳрванд дар натиҷаи лату кӯб
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 8 январи соли равон дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Аорум ойл», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷӣ бо ҷавонписари 19-солаи сокини ҷамоати мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






