ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ошкорсозии ҷинояти содиршуда вазифаи авалиндараҷаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб мешавад. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.
Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ баъди 10 сол
Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 56-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро, ки пеш бо моддаҳои 314 қисми 1 ва 245 қисми 2 суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.
Номбурда солҳои 1996-2008 ҳамчун раиси ҶСП «Урунхоҷаев» фаъолият намуда, соли 2008 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 30 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ба фурӯш баровардани маҳсулоти сохтмонии бесифат
Зимни андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода, соҳибкор, ҳамчун гумонбар дар фиреби истеъмолкунандагон дастгир карда шуд. Номбурда бо мақсади ба фурӯш баровардан ва ба даст овардани маблағи пулӣ, дар мағозаи фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, ба марди 34-солаи сокини деҳаи Туда ба миқдори 50 адад маҳсулоти сохтмонии «Шпаклёвка», тамғаи «Адинекс МК» ва 10 адад «Родбанд-Элемент»-ро ба маблағи умумии 1500 сомонӣ фурӯхтааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси Институти кимиёвии ба номи В.И.Никитинаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти сохтмонии мазкур ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ намебошанд.
Шикори ғайриқонунии бузи кӯҳӣ
Аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Сангвор зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон: марди 52-солаи сокини ноҳияи мазкур ва ду марди 45 ва 42-солаи сокинони шаҳри Душанбе дар дидбонгоҳи марказии ноҳияи Сангвор бо мошини шахсиашон- тамғаи «Тайота Ланкрузер» дастгир карда шуданд.
Номбурдагон 15 январи соли 2018 аз мавзеи мазори «Ҳазрати Бурх» ғайриқонунӣ 1 сар бузи кӯҳии сибириро, ки арзишаш 5000 сомониро ташкил медиҳад, шикор намудаанд.
Тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда
Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе, собиқ директори филиали ҶСП «Тоҷикпромбонк», воқеъ дар ноҳияи Сино, ҳамчун гумонбар дар тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда дастгир карда шуд. Номбурда бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ва бо истифода аз мансаби ишғол намудааш 31 октябри соли 2008 ба номи марди 45-солаи сокини кӯчаи Ҷомии пойтахт аз бонки мазкур 150 000 сомониро гирифта, аз они худ кардааст.
Ӯ бо ҳамин роҳ 24 феврали соли 2009 ба номи марди 54-солаи сокини кӯчаи А.Навоии пойтахт аз бонки мазкур 32 500 сомонӣ гирифта, онро низ аз они худ кардааст.
Ҳамин тариқ, номбурда 3 апрели соли 2008 ба номи зани 52-солаи сокини кӯчаи А.Навоии шаҳри Душанбе аз бонки мазкур 107 000 сомонӣ гирифта, ба манфиати худ истифода кардааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом доранд.








Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст






