Заминларза дар Душанбе ба мушоҳида нарасид
ДУШАНБЕ, 09.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 январ соати 5:05 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар масофаи километри 340-уми самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст.
«Дар маркази заминларза замин бо қувваи 3-4 балл ҷунбидааст. Дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе заминларза ба мушоҳида нарасидааст»,-хабар доданд аз Хадамоти мазкур.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






