Ӯзбекистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон сабукӣ пешниҳод намуд

Январь 19, 2018 10:17

ДУШАНЕБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ӯзбекистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан  аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон  аз 30 то 50 % сабукӣ пешниҳод намудааст. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тахфифи мазкур дар асоси барқияномаи  ширкати роҳи оҳани кишвари ҳамсоя  –«Ӯзбекистон темир йуллари», ки ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Гуфта мешавад, ки зимни истифодаи қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқлӣ барои интиқоли ҳамаи намуди борҳо  40%  сабукӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин ҷиҳати истифодаи қитъаи роҳи оҳани Қароқалпоқистон-Қудуқлӣ барои маҳсулоти нафтӣ 30%  ва барои дигар борҳо то 50%, ҳамзамон тавассути  қитъаи роҳи оҳани  Хоҷадавлат-Қудуқлӣ 40 %  тахфиф пешниҳод шудааст.

 

Январь 19, 2018 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид