Зиёд шудани муроҷиати шаҳрвандон аз эътимоди онҳо ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гувоҳӣ медиҳад
ДУШАНБЕ, 22.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандон нисбатан зиёд гардид. Ин нуктаро имрӯз, 22 январ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт. Ба ақидаи мавсуф, бештари муроҷиатҳо ба қабулгоҳҳо ва намояндагиҳои мақомот, ки дар минтақаҳо фаъолият доранд, ворид гардидаанд, ки аксари онҳо хусусияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, асосан ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, рӯёнидани алимент ва баромадан ба нафақа равона гардидаанд.
Зикр шуд, ки соли 2017 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) 3 ҳазору 864 адад муроҷиат ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 739 адад хаттӣ ва 3 ҳазору 125 адад шифоҳӣ мебошанд. Аз ин шумора 571 адад муроҷиатҳои хаттию шифоҳӣ ба дастгоҳи марказии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, аз онҳо 60 адад ба таври мусбат ҳал карда шуданд.
«Муроҷиатҳое, ки ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ворид гардидаанд, бештар дар самтҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (алимент) мебошанд. Зиёд шудани муроҷиати шаҳрвандон гувоҳи эътимоди онҳо ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳамкории зичи ду ҷониб мебошад, ки ин ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад»,-гуфт Зариф Ализода.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа 23 июли соли 2016 Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабул гардидааст. Он муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ирсол гардидаанд, танзим менамояд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






