Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи Гранд Слами Германия ширкат дорад
ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо баҳри иштирок дар мусобиқаи Гранд Слам ба шаҳри Дюсселдорфи Германия сафар намуд. Мусобиқаи мазкур аз 23 то 25 феврал дар ин шаҳр доир мешавад.
Тавре дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо омадааст, паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа дар 4 вазн муҳориба мекунанд: Беҳрӯз Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров дар вазни -73 кг, Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг, Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов дар вазни -100 килограмм.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи Гранд Слами Дюсселдорф 500 варзишгар аз 71 кишвари дунё иштирок доранд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






