Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа: гузариши пардохти нафақаҳо тариқи кортҳои бонкӣ дар ҷумҳурӣ пурра таъмин гардид

Февраль 2, 2018 10:01

ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта пардохти нафақаи 129 ҳазору 445 нафар дар 12 шаҳру ноҳияҳои боқимонда бо талаботи моҳонаи 37,6 млн. сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шуд ва гузариши пурраи пардохти нафақаҳо тариқи кортҳои бонкӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардид. Ин матлабро муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.

Зикр шуд, ки дар ҷумҳурӣ теъдоди нафақагирон то 1 январи соли равон 665 ҳазору 78 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазору 137 нафар ё 3,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи Н. Одиназода, соли сипаргардида яке аз масъалаҳои муҳим дар назди Агентӣ- гузариши пурра ба низоми суғуртавии таъминоти нафақа маҳсуб меёфт. Аз 1 январи соли 2017 дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» пурра мавриди амал қарор гирифт ва таъминоти нафақаҳои шаҳрвандон дар асоси санади мазкур амалӣ шуда истодааст. «Аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соли сипаригардида ба 53 ҳазору 765 нафар нафақа таъйин карда шудааст, ки 36 ҳазору 317 нафар нафақаҳои суғуртавӣ ва 17 ҳазору 448 нафари онҳо нафақаҳои иҷтимоӣ мегаранд»,-афзуд ӯ.

Зикр карда шуд, ки андозаи миёнаи нафақа дар вилояти Суғд-259,00, вилояти Хатлон 259,40, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 335,40, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 255,70, шаҳри Душанбе 370,15 ва дар ҷумҳурӣ 270,60 сомониро ташкил дод.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон гуфта шуд, ки бо мақсади ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ба ҷараёни пардохти нафақа ва кумакпулиҳои ба он баробар ва боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият дар ин самт, дар самти гузариш ба пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ соли гузашта дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» корҳо тақвият бахшида шуданд.

Февраль 2, 2018 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад