Амалиёти «Пиёдагард» ба анҷом расид, «Муоинаи техникӣ» идома дорад

Февраль 26, 2018 15:15

БОХТАР, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар роҳҳои   вилояти Хатлон    амалиёти  «Муоинаи  техникӣ» идома дорад.  Тавре  ба   хабарнигори  АМИТ  «Ховар»  масъули  бахши  ташвиқоти  Бозрасии  давлатии  автомобилии  вилояти  Хатлон  Ёрмаҳмад  Давлатов  иттилоъ  дод,  амалиёти  «Муоинаи  техникӣ»   аз  19  феврал то 1  марти соли  равон   гузаронида  мешавад.

Мақсади ин амалиёт  пешгирии  ҳодисаҳои нақлиётӣ дар  роҳҳо ва  дар ҳолати хуби техникӣ  нигоҳ  доштани  воситаҳои нақлиёт  мебошад.  Дар  доираи амалиёт  ҳолати  сари вақт пардохт  кардани  андоз  аз  тарафи  ронандагон  ва  дигар намуди пардохтҳои ҳатмии  андоз  марбут ба  нақлиёт санҷида  мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ин  дуюмин амалиётест, ки аз  тарафи кормандони  БДА-и вилояти Хатлон  тайи моҳи  феврал  гузаронида  мешавад.  Пеш  аз  ин  аз  10  то  20 феврал  дар  роҳҳои вилоят  амалиёти  «Пиёдагард» доир  шуда  буд.

Февраль 26, 2018 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд