АМИТ «Ховар» барои журналистону ровиён озмун эълон мекунад
ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти журналистони касбӣ барои сомона ва ровиёну барандаҳои боистеъдод барои радио озмун эълон мекунад.
Дар озмун ҷавонписарону духтарони аз 23 то 40-сола, ки дорои маълумоти олӣ мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Озмун ба тариқи суҳбат гузаронида мешавад.
Барои иштирок дар озмун доштани маълумоти олии касбӣ ва маҳорати кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ, донистани забони давлатӣ (барои хабарнигорони бахшҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва форсӣ) ҳатмист. Ба донандагони забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад.
Довталабон бояд ба Комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зерин: ариза, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, шарҳи ҳол; 3 дона cурати 3х4; нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086); нусхаи шиноснома; нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА); маълумот аз ВКД барои изи ангуштонро пешниҳод намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 40 ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ирсол намоянд.
Телефон барои маълумот: 221-33-13
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 1 март то 15 апрели соли 2018.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






