Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба кӯдакони ниёзманди шаҳри Душанбе маводи хӯрокворӣ ва таҷҳизоти варзишӣ тақдим намуд

Февраль 20, 2018 14:46

ДУШАНБЕ, 20.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ ба кӯдакони ниёзманди шаҳри Душанбе кумак расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоотии ҶҲАТ хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода мешавад, кумаки мазкур аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ ба «Мактаб-интернати ёрирасони №3», муассисаи таҳсилоти асосии №4 барои кӯдакони аз оилаҳои носолим ва бепарастор, муассисаи таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе расонида шудааст.

«Ин кумакҳо аз маводи озуқаворӣ, аз ҷумла, 1500 кг орд, 150 кг биринҷ, 150 кг шакар ва 150 литр  равғани растанӣ, инчунин таҷҳизоти варзишӣ — 50 адад тӯб, 50 адад шоҳмот, 50 адад бадминтон, 50 адад нардӣ, 2 адад велосипед (тренажер), 50 адад тӯри волейбол, 50 адад ресмони варзишӣ (дартс) ва 20 адад эспандер иборат мебошанд», — гуфта мешавад дар хабари ҶҲАТ.

Ҳамчунин зикр карда мешавад, ки ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе низ барои мактаббачагон таҷҳизоти варзишӣ дастрас карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, кумакҳои мазкур тибқи дархости роҳбарияти хона-интернатҳои мазкур баррасӣ гардида, аз ҷониби Ҳилоли Аҳмар тавассути ихтиёриён ва кормандони он дастрас карда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманд, кӯдакони бепарастор, маъюб ва яккаву танҳо яке аз вазифаҳои асосии ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, чунин иқдоми хайриявӣ тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста амалӣ карда мешавад.

Февраль 20, 2018 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад