Ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Қатар рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврали соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири иҷроии Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар (Qatar Museums Authority) Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои осорхонашиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангию таърихӣ баррасӣ шуданд. Дар ин замина ҷонибҳо зарурати табодули мутахассисон ва таҷриба дар соҳаи мудирияти осорхонаҳо, танзими давраҳои омӯзишӣ ва инчунин аҳамияти ташкили намоишгоҳҳои муштараки осори фарҳангию таърихиро дар тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи мардумони Тоҷикистону Қатар таъкид намуданд.
Идораи осорхонаҳои Қатар омодагии худро барои таблиғ ва муаррифии мероси ғании фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик дар осорхонаҳои Қатар иброз намуд ва аз пешниҳоди имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» истиқбол кард.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






