Ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ гардид

Февраль 3, 2018 09:44

ДУШАНБЕ, 03.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм Де Кершов  дар дафтараш дар Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҷонибҳо ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ намуданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ба Ҳамоҳангсози ИА оид ба мубориза бо терроризм даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати ширкат дар Конфронси баландпояи байналмилалӣ “Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм”, ки 3-4 маи 2018 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, супорид. Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд.

Ҳамин гуна даъватномаҳо ба ниҳодҳои дигари воқеъ дар Брюссел – Комиссияи Аврупо, Парлумони Аврупо, Комиссариати корҳои дохилӣ ва амният ва ғайра низ дастрас гардиданд.

 

Февраль 3, 2018 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд