«Амонатбонк» ба беш аз 13 ҳазор нафар муштариён маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 «Амонатбонк» дар маҷмӯъ аз ҳисоби дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 13,4 ҳазор нафар муштариён ба маблағи умумии 196 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Ин нуктаро Раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар соли ҳисоботӣ ба омӯзгорони ҷавон 937 ҳазор сомонӣ ва муҳоҷирони ихтиёрию экологӣ 3,2 млн. сомонӣ қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок пешниҳод шудаанд.
Дар доираи ҳамкории дуҷониба бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмӯъ то имрӯз ба 150 нафар соҳибкорон дар ҳаҷми 178,9 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Ба зикри Р. Ҳакимзода, «Амонатбонк» бо мақсади дастгирии иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ, хусусан кормандони соҳаи буҷетӣ, қарзҳои изофабардоштӣ (овердрафти)-ро тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ба роҳ монда истодааст, ки истифодаи онҳо хеле мувофиқу дастрас мебошад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






