Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1,5 ҳазор адад терминалҳои электронӣ харидорӣ шудаанд»
ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1,5 ҳазор адад терминалҳои электронӣ харидорӣ шудаанд, ки онҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб хоҳанд шуд. Ин нуктаро имрӯз раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Ба иттилои раиси БМТ, миқдори кортҳои пардохти бонкӣ дар ин давра зиёда аз 1 млн. 694 ҳазор ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 4,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли сипаришуда БМТ сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






