“АРДО-КАПИТАЛ” ДАР ТОҶИКИСТОН: ташкилоти нави қарзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ
ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонати қарзии хурди «Ардо-капитал» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.
Тавре аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, мутобиқи иҷозатномаи мазкур ба ҶСП ТАҚХ «Ардо-капитал» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, аз қабили ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодани пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён, додани кафолат, қарордодҳои форвардӣ ва СВОП барои худ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ, барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо иҷозат дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҶСП ТАҚХ «Ардо-капитал» дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






