«АРТИШ-СИПАРИ ВАТАН». Дар Хуҷанд намоиши рассомони ҷавон ҷамъбаст гардид
ХУҶАНД, 24.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-солагии таъсиси Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арт-галереяи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд озмун – намоиши беҳтарин расми ҳунармандони наврас таҳти унвони «Артиш – сипари Ватан» ҷамъбаст гардид. Дар озмун муҳассилини мактабҳои санъати №1, 3 ва Мактаби рассомии наврасони шаҳри Хуҷанд бо маҳсули эҷоди худ оид ба мавзӯи Ватан ва ҳомиёни он иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд хабар доданд, озмуни мазкур бо ибтикори роҳбарияти мактабҳои санъат ва рассомии шаҳр дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи маориф ва Ташкилоти ҷамъиятии «Сипари сулҳ» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии намоиш, пеш аз ҳама, аз баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву меҳандӯстии насли наврас, ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба зебоиву зебоипарастӣ ва дар ин замина рӯи кор овардани маҳсули эҷоди худ дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла доир ба ҳомиён, ки сипари боэътимоди Ватан ва рамзи ҷасуриву далерӣ мебошанд, иборат буд.
Дар интиҳо аз ҷониби ҳакамон расмҳои намоиш баҳогузорӣ гардида, иштирокчиёни фаъоли мактабҳои санъату рассомии маркази вилоят бо диплому туҳфаҳо сарфароз гардиданд.











Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






